Ҷашни Мирзо Турсунзода дар Маскав

Декабрь 2, 2011 14:09

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ба ифтихори 100-солагии устоди забардасти сухан, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маҳфили адабӣ бо номи «Ёде аз устод Мирзо Турсунзода» баргузор гардид. Маҳфилро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А. Достиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи ҷашни саросарии М. Турсунзода дар гӯшаву канори Тоҷикистон ва аҳамияти ин ҳамоиш дар Маскав бо таваҷҷӯҳ ба нақши Маскаву Петербург чун марказҳои фарҳангӣ барои тоҷикон сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки баъди Душанбе барои мо Маскаву Петербург чун маркази илму фарҳанг ва тамаддун аҳамияти хос доранд, дар ин шаҳрҳои бузург донишмандони зиёд пайи омӯзишу шинохти бузургони илму фарҳанги моянд. Аз ин рӯ, хостем, ин ҷо ба ифтихори устод Мирзо Турсунзода маҳфил барпо намоем ва иддае аз намояндагони илму фарҳанг ва ҳамватанонро гирди ҳам биоварем». Сипас чанд тан аз донишмандону ихлосмандони шоири шаҳир дар бораи симо ва нақши устод Мирзо Турсунзода, дар адабиёт ва ҷомеаи тоҷик, паҳлӯҳои доманадори эҷодиёти ӯ ва фазилату хислатҳои наҷибу накӯяш ёдовар шуданд. Бахусус суханрониҳои пурҳаяҷони академик В. Музика, нависанда Шавкат Ниёзӣ, адабиётшинос Н. Пригарина, донишманд М. Додохонов, тарҷумон М. Синелников хотирмон буданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, маҳфили адабиро филми машҳури «Ҳасани аробакаш» ва суруду оҳангҳои дилнишини овозхон Шукуралӣ Ҷӯраев ҳусни хосса бахшиданд. Ба муносибати ҷашни шоири маъруф шумораи вежаи рӯзномаи «Тоҷикони Русия» чоп шуд ва он ҳамроҳ бо китоби ҷашнии М. Турсунзода «Гулчини ашъор» ба ширкаткунандагони маҳфил тақдим гардид.

Декабрь 2, 2011 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад