Ҷоми Ғарби Осиё насиби дастаи мунтахаби Ҳиндустон шуд

Декабрь 13, 2011 15:12

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон мусобиқаи дастаҳои мунтахаби футболи Ғарби Осиё бо ширкати дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Афғонистон, Бутан, Шри –Ланка, Бангладеш, Покистон, Малдив ва Непал дар ду гурӯҳ ба анҷом расид. Дастаҳои Афғонистон ва Ҳиндустон ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва барои муайян кардани ғолиб ва соҳиби ҷом шудан бо хам қувва озмуданд. Ба футболбозони дастаи мунтахаби Ҳиндустон муяссар шуд, ки ба дарвозаи ҳарифон 4 тӯб зада, бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯз шаванд. Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Ҳиндустон- ғолиби Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2008, якҷоя бо дастахои мунтахаби Тоҷикистон, ғолиби ҳамин ҷом дар соли 2006, Куриёи Халқӣ- Демократӣ, ғолиби соли 2010 ва Филиппин дар як гурӯҳ бозӣ мекунад.

Декабрь 13, 2011 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад