170 ҷойи нави корӣ барои табибон

Декабрь 8, 2011 10:21

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Тавре мудири озмоишгоҳи шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат Моҳхонум Абдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, озмоишгоҳи мазкур, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Олмон сохта ба истифода дода шудааст, бо техникаю таҷҳизоти олмонӣ пурра муҷҷаҳаз гардидааст. Он дар минтақаи Осиёи Марказӣ калонтарин озмоишгоҳ ба ҳисоб меравад. То имрӯз дар ҷаҳони муосир 23 адад чунин маркази табобатии дорои озмоишгоҳ вуҷуд дошт. Озмоишгоҳи бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат 24 –умин озмоишгоҳи ҷаҳонист, ки ҳуқуқи тарбияи кадрҳои ин бахши соҳаи тибро дорад.Озмоишгоҳ ва дигар шӯъбаҳои беморхона дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, бо усули геотермӣ ё худ бо ҳарорати табиии оби аз чуқурии 70 метр дастрасшаванда ва бе истифодаи маводи сӯхт гарм карда мешаванд.

Декабрь 8, 2011 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд