Афзоиши иншооти тиббӣ дар Файзобод
Файзобод, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). – Тайи солҳои охир дар сохтмони иншооти тандурустӣ босуръат ҷараён дорад. Абдукарим Сангов, сардори корхонаи сохтмонии «Сохтмони нав» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар паҳлӯи беморхонаи маркази ноҳияи Файзобод боз як маркази саломатии дорои 152 утоқи муолиҷавӣ ва бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода мешавад. Абдукарим Сангов афзуд, ки бинои маркази саломатӣ аз се қабат иборат буда, барои сохтмони он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар айни замон дар иншооти мазкур корҳои бомпӯшонию пардозгарӣ ва дару тирезашинонӣ оғоз ёфтаву он то Иди Наврӯз ба истифода дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






