Афзоиши корхонаҳои истеҳсоли пӯсту пашм

Декабрь 26, 2011 14:59

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи нави коркарди пӯст бо иқтидори 250 ҳазор дона коркарди пӯсти чорвои калону майда ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз Вазорати энергетика ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҶММ «Тоҷикинтиқол» номгузорӣ шуда, дар он 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Корхона бо техникаву таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳозонида шудааст.Ёдовар мешавем, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ иқтидори умумии корхонаҳои коркарди пӯст ба 2 млн. 200 ҳазор дона расидааст.

Декабрь 26, 2011 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад