Афзоиши маҳсулоти чорво дар Суғд
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми 11 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 4,090 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,2 фоизро ташкил медиҳад. Маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшуда дар соҳаи чорводорӣ ба 108,4 фоиз баробар шуда, нисбат ба соли гузашта 64,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа асосан аз ҳисоби гӯшт 102,9 фоиз, шир 100,5 фоиз, тухм 119,8 фоиз ва моҳидорӣ 108 фоиз таъмин гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 590 адад нуқтаи фурӯши гӯшти чорво, 41 нуқтаи фурӯши гӯшти моҳӣ ва 353 нуқтаи фурӯши гӯшти парранда ташкил шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






