Афзоиши таваллуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2011 12:05

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, афзоиши бақайдгирии кӯдакони навзод дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ (ба ҷуз вилояти Суғд, ки 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст), мушоҳида мешавад.Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 27 ҳазору 100 нафар, дар вилояти Хатлон 36 ҳазору 100 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 28 ҳазору 800 нафар тифл ба дунё омадааст.Боиси таассуф аст, ки бақайдгирии ашхоси фавтида дар соли 2011 17,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 7,9 фоиз зиёд аст. Шумораи фавтидагон аз ҳама бештар дар вилояти Суғд – 6, 2 ҳазор нафар ба ҳисоб гирифта шудааст . Ин рақам дар вилояти Хатлон – 5,9, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,4 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи фавтидагон 3,6 фоиз кам шуда, ҳамагӣ 500 нафарро ташкил додааст. Аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 12 фоиз ё 76 ҳазору 700 нафар афзудааст.

Декабрь 12, 2011 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд