Анвар Юнусов – варзишгари беҳтарини сол

Декабрь 30, 2011 11:41

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ассосиатсияи журналистони бахши варзиши Тоҷикистон 10 нафар варзишгарони беҳтарини соли 2011 – ро номбар кард. Президенти Ассосиатсияи журналистони бахши варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов хабар дод, ки боксчии машҳури 24 – сола Анвар Юнусов аз рӯи натиҷаи пурсиши журналистони бахши варзиш беҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Анвар Юнусов имсол дар мусобиқоти ҷаҳон медали биринҷӣ ва дар мусобиқоти Осиё аз рӯи бокс медали тилло ба даст оварда, барои иштирок дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор мегарданд, роҳхат гирифт. Ҳамчунин варзишгарони номии кишвар Дилшод Назаров, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Расул Боқиев, Далер Тӯраев, Сабина Тағойназарова, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Асрор Воҳидов ва Комроншоҳи Устопириён ба қатори 10 нафар варзишгарони беҳтарини сол ворид шудаанд.Мувофиқи хабари президенти Ассосиатсияи журналистони бахши варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, барои муайян намудани варзишгарони беҳтарини сол дар пурсиш беш аз 70 нафар журналистоне иштирок доштанд, ки мавзӯи варзишро дар ширкатҳои гуногуни телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ инъикос медиҳанд.Варзишгарони беҳтарини сол бо мукофотҳои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи олимпии миллӣ ва дипломҳои Ассосиатсияи журналистони бахши варзиши кишвар қадр карда мешаванд.

Декабрь 30, 2011 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд