Ашъори Мирзо Турсунзода дар Маскав танинандоз шуд
Маскав, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – Чанде пеш дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода конфронси илмию адабӣ баргузор шуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев зимни суханрониаш иброз дошт, ки 100 – солагии шоири бузурги замон Мирзо Турсунзода дар Ватанаш аз деҳоти дурдуст то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шуд. Мувофиқи суханони ӯ, «Маскав ва Санкт – Петербург барои Тоҷикистон марказҳои муҳимтарини илму фарҳанг маҳсуб шуда, сокинони онҳо эҷодиёти фарзандони бузурги халқи тоҷикро меомӯзанд. Устод Мирзо Турсунзодаро дар Маскаву Русия хуб мешиносанд ва дар ин ҷо ҳамкасбону ҳамқаламонаш зиндагӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳаводорони сершумори эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, ки номи неки ӯро бори дигар хотирнишон созанд». Сафир гуфт, ки баҳори соли 2012 бояд дар шаҳри Маскав бахшида ба 100 – солагии Мирзо Турсунзода конфронси байналмилалӣ доир гардад. Дар конфронс доктори илми филология, шарқшиноси маъруфи Русия Наталя Пригарина, шоиру тарҷумон Михаил Синелников ва дигарон дар бораи ҳаёту эҷодиёти Мирзо Турсунзода сухан карданд.Сипас донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии адабии Маскав, ки забони тоҷикиро меомӯзанд, ва шунавандагони Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз Тоҷикистон порчаҳоро аз достони «Ҷони ширин» қироат намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






