Аввалин академияи футбол дар Тоҷикистон
Душанбе, 14 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тавре ки сомонаи клуби футболи «Истиқлол» хабар додааст, роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ният дорад дар моҳи марти соли 2012 бахшида ба иди «Наврӯз» дар Тоҷикистон аввалин академияи футболро ифтитоҳ намояд. Дар академияи мазкур беҳтарин футболбозони лаёқатманди аз 12 то 16 сола аз саросари ҷумҳурӣ гирд оварда хоҳанд шуд. Майдони бозӣ ва қароргоҳи академия дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷойгир хоҳад шуд. Ташкили академия ба ривоҷи футболи ҷумхурӣ ва тарбияи футболбозони касбӣ барои клуби футболи «Истиқлол» манфиати бештар хоҳад дошт. Бо ин максад мураббиён Сергей Ли, Аҳлиддин Турдиев, Ҳикмат Фузайлов ва Нӯъмон Юсупов барои омӯзиш ба мактабҳои ҷавонону наврасони клуби футболи «Рубин»-и Қазон фиристода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






