«Аз Балх то Куния»

Декабрь 21, 2011 14:28

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Теҳрон дар маркази Доиратулмаориф (Энсиклопедия)–и бузурги исломии ҷумҳурии Исломии Эрон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳамойиши байналмилалии “Аз Балх то Куния” баргузор гардид. Тавре ки аз ВКХ-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур олимон, муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон ҳузур доштанд. Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон оид ба хизматҳои таърихии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷаҳон изҳори андеша карда, зикр намуд, ки «Мавлоно мардумони оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад, дар байни миллатҳои гуногуни олам муҳаббату эҳтиром ва ҳамфикрию ҳамдилӣ эҷод менамояд, саодату хушбахтии насли башарро тавсиф мекунад. Ашъору афкори ӯ маҳдуд ба як қавму миллат ва ё дину оин набуда, ба тамоми башарият нигаронида шудааст».

Декабрь 21, 2011 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд