Ба қонуни милитсия илова ворид карда шуд

Декабрь 28, 2011 15:42

Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат 29 декабр дар ҷаласаи навбатӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» илова ворид намуданд. «Ҳадаф аз ворид намудани илова ба қонуни милитсия муайян намудани механизми ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аст», гуфт муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов. Ин тадбир бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо дар мақомоти давлатии ҷумҳурӣ андешида шудааст. Муовини вазир афзуд, ки мӯҳлати хизмат дар вазифаи баландпояи мақомоти корҳои дохилиро Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад. Механизми ҷойивазкунӣ ба сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо, раёсатҳои корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо ва сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД –и ҷумҳурӣ марбут аст. Тибқи механизми ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мӯҳлати хизмати сардорони шӯъбаҳою раёсатҳо то чор сол муқаррар шудааст, ки он ба истифодаи самараноки нерӯи кадрӣ ва ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ мусоидат менамояд.

Декабрь 28, 2011 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад