Ба хотири фазои сулҳу осоиш
Хоруғ, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо ибтикори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ ва мусоидати Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар мактаб – литсейи Оғохон бахшида ба иди касбии кормандони Кумитаи амният мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи гӯштини тарзи дзюдо байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти Ҷоми собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид.Чорабинии мазкурро муовини раиси вилоят Исрор Исроров ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба кору фаъолияти Кумитаи амният ҳарф зада, иброз дошт, ки кумитаи мазкур барои дар фазои сулҳу осоиш умр ба сар бурдани аҳли ҷомеа талош меварзад ва қувваю нерӯи худро баҳри муҳофизати Ватан сарф мекунад. Дар фарҷоми ин чорабинӣ барномаи консертӣ аз ҷониби хонандагони литсейи мазкур намоиш дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






