Барномаи БРО дар Тоҷикистон
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бонки Рушди Осиё (БРО) ният дорад, ки барои рушди инфрасохтор ва ислоҳоти соҳаи энергетика ва нақлиёт, ҳамчунин ҷиҳати дастгирии рушди бахши инфиродӣ барои густариши барномаи мадад ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки бебозгашт 215 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо кунад. Тавре намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ изҳор дошт, «барномаи БРО бо Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи коҳиш додани камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои рафъи монеҳои рушду тараққиёт кӯмак намуда, барои коҳиш додани камбизоатӣ бештар саъю кӯшиш мекунад». Дар назар аст, ки ҳаҷми кӯмаки БРО дар соли 2012 – ум 62 миллион ва дар солҳои 2013 ва 2014 – ум таносубан 84 миллиону 300 ҳазор ва 69 миллион доллари ИМА –ро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






