Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон

Декабрь 14, 2011 09:44

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти директори Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон Сӯҳроб Камолов, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мубориза бо бемории сил қабул шуда ва амалӣ мегардад. Ба иттилои С.Камолов, соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Хатлон 2476 нафар шаҳрванди бори аввал мубталои ин беморишуда ба қайд гирифта шудаанд, ки 276 нафарашонро муҳоҷирони кории аз хориҷи кишвар ба ватан баргашта ташкил медиҳанд. Холо дар вилояти Хатлон шумораи гирифторони бемории сил ба 4,5 ҳазор нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони дармонгоҳи вилоятии бемориҳои сил ва дар ноҳияҳои Панҷу Шаҳритус сохтмони беморхонаҳои муолиҷавӣ идома дорад. Моҳи ноябри соли ҷорӣ чунин беморхонаи табобатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт. Даҳаи аввали моҳи декабр ду бинои шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил дар мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат бо техникаю таҷҳизоти навтарини тиббӣ ба истифода дода шуд, ки ба татбиқи «Барномаи мубориза бо бемории сил» дар сар то сари ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 14, 2011 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад