Баррасии масоили бехатарии молу маҳсулот дар Шӯро
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозӣ доир ба назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ баргузор гардид. Дар кори Шўро аъзои он аз вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла Хадамоти байторӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти назорати карантини растанӣ ва КВД «Гўшту шир» иштирок намуданд. Роҳбари Шўро — директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров таҳкими ҳамкориҳои судманди мақомоти марбутаро, ки бевосита бо мақсади рушди ҷомеа ва некўаҳволии мардуми мамлакат нигаронида шудаанд, муфид арзёбӣ кард. Дар ҷараёни кори Шўро натиҷаҳои фаъолияти муштараки аъзо дар соли 2011, масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ва қабул намудани стандартҳои муҳим барои пешбурди саноат ва соҳибкорӣ ташкил намудани ду Кумитаи техникӣ оид ба таҳияи стандарти давлатӣ: КТ дар соҳаи «Сифати маҳсулоти хўрокворӣ» ва КТ «Энергетика ва сарфаҷўии энергия»; тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ(ИСО) ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ; оид ба назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ дар корхонаю иншооти ватанӣ ва проблемаҳои мавҷуда дар ин самт; татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ва ҳамоҳангсозии қонунгузории танзими техникӣ ба талаботи байналмилалӣ баррасӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






