Баррасии рӯзномаи иҷлосияи навбатии ШАД СААД
Маскав, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 19 декабр дар шаҳри Маскав дар иҷлосияи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД рӯзномаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки 20 декабр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар иҷлосияи шӯро лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба рушду такмили низоми вокуниши бӯҳронии истифодаи қудрати СААД (аз ҷумла қувваҳои дастаҷамъӣ), афзун намудани самараи ҳамкории ҳарбӣ, муборизаи зидди хавфу таҳдидҳои имрӯза баррасӣ мешаванд.Лоиҳаи барномаи байнидавлатии ҷиҳозонии қувваҳои дастаҷамъии аксуламали фаврӣ, лоиҳаҳои нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати ташаккули асосҳои сиёсати мутобиқшудаи иттилоотӣ ва феҳристи тадбирҳое маъқул ёфта шуд, ки мақсад аз онҳо такмили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ ба нафъи давлатҳои аъзои СААД мебошад. Дар иҷлосияи шӯъбаҳои Кумитаи котибони шӯроҳои амният қарор дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ аз рӯи масъалаҳои сиёсату амнияти иттилоотӣ қабул шуд. Дар ҷараёни иҷлосия ҳамчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар ҷараёни раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






