Базми рақсу суруд бо «Базморо»
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии федеролӣ оид ба корҳои кишварҳои ИДМ ва ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона “Россотрудничество” 13 декабри соли 2011, соати 17:00 консерти ансамбли фолклории “Яр” ва гурӯҳи рақсии «La Nati Flamenco» аз Федератсияи Русияро дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ баргузор менамояд. Барномаи ансамбли фолклории “Яр” тарғибгари сурудҳои халқӣ, анъана, урфу одат ва эҷодиёти мардуми рус мебошад. Ансамбли мазкур дар саросари Федератсияи Русия ва кишварҳои узви ИДМ борҳо сафари ҳунарӣ намудааст. Ансамбли фолклории “Яр” дорандаи ҷоизаи Гран-прии нахуст- фестивали санъати миллии «Посдорони мероси Русия», ҷоизаи аввали Фестивали 6 – уми ҳунарии «Илҳом», барандаи ҷоизаи Фестивал — озмуни байниминтақавии фолклории «Таронаҳои сарзамини маҳбуб» ва ҳоказо мебошад. Гурӯҳи рақсии «La Nati Flamenco» аз беҳтарин иҷрокунандаи рақси испании фламенко дар Федератсияи Русия буда, бо барномаҳои ҷолиб ба кишварҳои зиёд сафари ҳунарӣ намудааст. Ҳунарпешагони гурӯҳ дар Фестивали Viva Espana «Фламенкои шимолӣ» ҳунарнамоӣ намуда, якҷоя бо ситораҳои ҳунари Испания дар як саҳна барномаи рақсии ҷолибро манзури ҳаводорони санъати асил намудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






