Боз як созишномаи ҳамкорӣ дар арафаи соли нав

Декабрь 28, 2011 10:07

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати молияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки миёни Ҳукумати ҶТ ва давлати Швейтсария дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар сохтани низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи шимолии кишвар ва шаҳри Хоруғ» созишнома ба имзо расид. Ба иттилои манбаъ, санади мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва аз ҷониби ҳукумати Швейтсария роҳбари дафтари он оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула ба имзо расониданд. Тибқи Созишнома ҳукумати Швейтсария барои татбиқи лоиҳа 12,3 млн. доллар ҷудо намудааст. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллар қарз пешниҳод намудааст. Дар асоси лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, ки аз соли 2004 оғоз ёфтааст, ҳамчунин шаҳрҳои Қайроққум, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Табошар, Чкалов ва маркази ВМКБ- шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд. Ин лоиҳа то соли 2015 амалӣ мегардад.

Декабрь 28, 2011 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд