Дабири кулли Паймони Нерӯ ба Тоҷикистон меояд

Декабрь 2, 2011 11:15

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 29 ноябри соли 2011 дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон Конфронси 22-юми Паймони Нерӯ баргузор гардид. Дар ҷараёни кори он номзад аз Словакия Урбан Русак ба ҳайси Дабири кулли нави ин созмони байналмилалӣ интихоб гардид. Дар ҳошияи Конфронси мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли нави Паймони Нерӯ Урбан Русак мулоқот намуд. Зимни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ҶТ Урбан Русакро бо таъин шудан ба мақоми Дабири кулли Паймони Нерӯ табрик намуд ва дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ таманно кард. Дипломати тоҷик Урбан Русакро аз номи Ҳукумати кишвар ба Тоҷикистон расман даъват намуд. Дар навбати худ Урбан Русак барои табрики самимӣ изҳори сипос карда, даъвати расмиро бо мамнуният пазируфт.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 2, 2011 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд