Дар Қӯрғонтеппа фаъолияти дармонгоҳи амрози чашм қатъ гардид
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ӯтоқи дармонгоҳи амрози чашми маркази вилоят қатъ карда шуд. Тавре сардори раёсати бозрасии бахши тибб Хуршед Турдиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, беморони дар муоинахона табобатшаванда хилофи талабот дар бинои беморхона қабул карда мешуданд, ки хавфи дучори сироят шудани маризони дар беморхона табобатшавандаро ба миён меорад.Бино ба маълумоти манбаъ, бинои дармонгоҳ ҳамаи шароити корро дошта ва роҳбарият метавонист, ки таҷҳизотро дар он ҷо насб карда, вазифаҳояшро дар маҳалли тайиншуда ба ҷо орад. Х.Турдиев ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир фаъолияти ӯтоқи қабули беморон қатъ шуда ва нисбат ба роҳбарияти марказ чора дида мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






