Дар Душанбе намояндагии Донишгоҳи Қазон ифтитоҳ мешавад

Декабрь 23, 2011 16:21

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқотию технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 66 – и шаҳри Душанбе дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Хадамоти Муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, Донишгоҳи мазкур аз 1 сентябри соли 2012 ба фаъолияти худ шурӯъ мекунад.Ҳоло дар Омӯзишгоҳи касбию техникии № 66 – и шаҳри Душанбе, ки аз 1 сентябри соли 2011 фаъолият дорад, 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи чунин ихтисосҳои дархостӣ, чун васлгарони барқӣ, кафшергарони газу барқӣ ва харротон, таҳсил менамоянд.Барои ба муҳоҷирони меҳнатӣ ёд додани технологияҳои муосир ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ таҳти рақами 1014 аз 21 январи соли 2001 «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ» лоиҳаи шартномаи ҳамкории хадамоти муҳоҷирати ҶТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи касбии муҳоҷирони меҳнатӣ тарҳрезӣ ва таҳия шудааст. Ин лоиҳа ҷиҳати мутобиқат ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст, — зикр намуд мусоҳиб.

Декабрь 23, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд