Дар вилояти Суғд санги мармар истеҳсол мешавад
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вақтҳои наздик дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд корхонаи нави тавлиду коркарди санги мармар ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, корхонаи навро ширкати «Ҷобири Собир» маблағгузорӣ мекунад. Назар ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, ҳоло дар ҷумҳурӣ панҷ корхонаи тавлиди мармар (санги хоро) фаъолият дошта, тайи 11 моҳи соли равон беш аз 13,5 ҳазор метри мураббаъ санги мармар истеҳсол намудаанд, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробари 6,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






