Дарвозабони эронӣ ба Қазон меравад
Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дарвозабони дастаи «Персиполис» Алӣ Ризо Ҳақиқӣ моҳи январи соли оянда ба ҳайати дастаи «Рубин»-и Қазон ҳамроҳ хоҳад шуд. Роҳбарияти дастаи «Рубин» алҳол бо ин дарвозабони 23-сола ва клуби футболи Эрон дар ҳамин маврид гуфтушунидро идома медиҳад. Агар ин масъала роҳи ҳалли худро ёбад, он гоҳ Алӣ Ризо Ҳақиқӣ аввалин бозингари эронӣ дар Русия хоҳад шуд. «Рубин» аз 10 январ тайёрии худро ба идомаи мавсим дар Туркия оғоз мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






