Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ беҳтар мегардад
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Тавассути лоиҳаи USAID – и Амрико «Таъмини оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон» аз соли 1992 инҷониб ҷиҳати татбиқи барномаҳои дастгирии рушди ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 984 млн. доллар ҷудо карда шудааст,- омадааст дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.ИМА тибқи лоиҳаи мазкур беш аз 75 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Тоҷикистонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд. Аз ҷумла, ду рӯз пеш ҷиҳати амалисозии лоиҳаи «Таъмини оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон» 10 ҳазору 332 нафар сокини деҳаҳои Пахтаобод ва Қаротевали ноҳияи Турсунзода бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар маросими ба истифодадиҳии сохтори нави обтаъминкунӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, раиси ноҳия Давлатшоҳ Гулмаҳмадов ва роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштирок намуданд,- иттилоъ доданд аз дастгоҳи раиси ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






