Доварони Евро-2012 муайян шуданд
Душанбе, 21 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз кумитаи доварони Иттиҳоди аврупоии ассотсиатсияҳои футбол рӯйхати доваронеро, ки дар бозиҳои ниҳоии ҷоми Аврупо фаъолият хоҳанд кард, ба нашр расонид. Тавре ки сомонаи УЕФА хабар медиҳад, ба ин гурӯҳ 12 нафар довари асосӣ Карлос Веласко Карбало (Испания), Борн Кайперс (Ҳоланд), Виктор Кашшаи (Маҷористон), Стефан Ланнуа (Франция), Педру Проэнса Оливейра Алвеш Гарсиа (Португалия), Никола Ритссоли (Италия), Дамир Скомина (Словения), Крэйг Томсон (Шотландия), Хоуард Уэбб (Англия), Ҷюнейт Чакир (Туркия), Волфганг Штарк (Олмон), Юнас Эрикссон (Швеция) шомиланд. Чор нафар довари эҳтиётӣ инҳоянд: Марсин Борски (Полша), Павел Краловец (Чехия), Том Харалд Хаген (Норвегия), Виктор Шветсов (Украина).Ҳайати доварони гурӯҳии боқимонда моҳи январи соли оянда муайян хоҳад шуд. Ба бозиҳои ниҳоӣ доварон рӯзи 4 июн ҳозир хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






