Доварони ришвахӯр
Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Собиқ довари футбол Хуан Сзюнтсзеи чинӣ гуноҳи худро дар гирифтани ришва аз шаш клуби футболи Чин барои ташкили бозиҳои бомаслиҳат эътироф кардааст. Ҳатто ӯ баён кардааст,ки ба натиҷаи бозиҳои дӯстонаи клубҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Шэнҷэн» дар соли 2007 ва «Сидней» бо «Шанхай Шэнхуа» дар соли 2009 –ум таъсири худро расонидааст. Аз рӯи баёноти ӯ аз соли 2005 то соли 2009 ба вай беш аз 1,6 миллион юан(252 000 доллар) ришва додаанд. Дар бораи ришвахӯриаш дар бозиҳои байналмилалӣ ба ӯ дигар довар- Чжоу Вейсин кӯмак кардааст. Ӯ ҳам ба ришвахӯрӣ ва фурӯши бозиҳо муттаҳам дониста мешавад. Алҳол дар бораи чӣ гуна ба бозиҳо таъсир расонидани ин доварон чизе гуфта нашудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






