«Дурахши истиқлол»

Декабрь 8, 2011 15:34

Душанбе, 8 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шоир ва журналисти варзида Давлат Сафарро таҳти унвони «Дурахши истиқлол» бо теъдоди 5 ҳазор нусха аз чоп баровард. «Дурахши истиқлол» гулдастае аз гулбоғи назми шоир буда, ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо шудааст. Дар маҷмӯа ашъори ба тозагӣ эҷоднамудаи шоир, ки ба мавзӯъҳои соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз муқаддасоти ватан, шукргузорӣ аз ваҳдату фардои дурахшони сарзамини Тоҷикистон бахшида шудаанд, гирдоварӣ шудаанд. «Нишони ифтихор», «Ватан», «Истиқлолият», «Ғазали истиқлол», «Нишони мо», «Афрохта мо дирафш дар боми фалак», «Ливои мо», «Сарқонун», «Кохи бегазанд» аз зумраи шеърҳоенд, ки дар мунтахаби ашъори шоир гирд оварда шудаанд. Муқова ва дохили маҷмӯаи «Дурахши истиқлол»-ро расмҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, инчунин «Қасри миллат», муҷассаи асосгузори давлати тоҷикон –шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Китобхонаи миллӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва сохтмони иншооти азим, ки шаҳодати раванди бунёдкорию созандагӣ дар кишвар мебошанд, зеб медиҳанд. То имрӯз маҷмӯаҳои шоир Давлат Сафар таҳти унвонҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора», «Шаҳбол» (2010) ва «Авҷи парвоз» (2011) дар нашриёти гуногун чоп шуда, дастраси дӯстдорони шеър гардидаанд.

Декабрь 8, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад