Душанбе 90-сола мешавад
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе аз моҳи марти соли 2012 то октябри соли 2014 дар пойтахт «30 моҳи ободонӣ ва ташаббусҳои созанда» -ро эълон менамояд. Масъалаи мазкур дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.Ҳамзамон дар иҷлосия масоили фарҳангӣ, бахусус омодагии пойтахт ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар соли 2012 ва истиқболи сазовори 20-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сатҳи густурда таҷлил мегарданд, матраҳ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






