Э. Раҳмон: «Ҳаёт мубориза аст, рӯҳафтода нашавед…»
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбон» — и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити он аз наздик шинос шуд.Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо тарбиятгирандагон махсус таъкид кард, ки ҳаёт мубориза аст, рӯҳафтода нашавед, дониш омӯзед, илм андӯзед, ҳунар ёд гиред, то ки саҳми худро дар шукуфоии фардои Тоҷикистон гузоред.Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Литсей – интернати касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе» дар таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва ба ҳаёти мустақилона роҳнамоӣ намудани шахсони имконияташон маҳдуд нақши калон дошта, дар соли 1948 барои касбомӯзии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил ва аз соли 2001 ҳамчун Муассисаи давлатии «Литсей — интернати касбии махсуси маъюбон» фаъолият дорад. Дар ин муассиса касбомӯзӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд аз рӯи панҷ ихтисос, аз ҷумла радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион, мутахассисаи системаи компютерӣ ва Интернет – технология, дӯзанда, ҳисобдор ва пойафзолдӯз ба роҳ монда шудааст.Тавре ки иттилоъ дода шуд, айни замон дар ин муассиса 266 нафар хонандагони имконияташон маҳдуд аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба таҳсил ва табобат фаро гирифта шудаанд, ки 212 нафари онҳо писарон ва 54 нафар духтарон мебошанд. Таҳсил дар ин муассиса аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ шуда, барои хонандагони он ҳамаи шароити зарурӣ, аз ҷумла, хобгоҳ синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва барҳаво, китобхона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст. Дар давоми панҷ соли охир буҷаи литсей 5 маротиба афзоиш ёфта, илова бар ин соли 2010 тамоми иншооти таълимгоҳ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 683 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷҳизонида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби сарпарастон, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба муассисаи мазкур дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ кӯмакҳои беғаразона расонида мешавад.То имрӯз муассисаи мазкурро зиёда аз 2000 нафар хатм намуда, алҳол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар сарбаландона кору фаъолият дошта, саҳми худро дар ободонии Ватани азиз гузошта истодаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






