Э. Раҳмон: «Тоҷикистон аз сангҳои қимматбаҳо бой аст»

Декабрь 9, 2011 17:05

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Осорхонаи геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чоруним ҳазор намунаи сангҳои қимматбаҳо ва менералҳо мебошад. Дар ин бора аснои ифтитохи осорхона, ки бо иштироки Президенти Ҷумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, маълумот дода шуд. Дар оғози тамошои намунаҳои кӯҳҳо Тоҷикистон сардори Саридораи геологияи тоҷик доир ба намудҳои сангҳо ва кашфи кону маъданҳои нави менералӣ ва табиати бойи Тоҷикистон маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки аз осорхонаи геологии Тоҷикистон аспирантҳо, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна метавонанд ҳамчун манбаи хуби маводпайдокунӣ оид ба захираҳои бой ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон истифода баранд. Зеро дар осорхона ба таври электронӣ дар бораи ҳар як санги қимматбаҳо ва менералҳо маълумоти дақиқ пешниҳод карда шудааст. Зимни боздид аз намунаи захираҳои бойи табии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш дод, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон дар баробари омӯзишу муайянкунӣ аз ҷониби олимону донишмандон имрўз беш аз пеш бояд коркард карда шаванд. Сарвари давлат ба зарурати бунёди корхонаҳои гуногун дар заминаи кашфи конҳои канданиҳои фоиданок ва маъданҳои кӯҳӣ таъкид намуд. Зеро ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон захираҳои бойи табиӣ бояд василаи ҷалби бештари сармоягузорӣ ва тавлиди маҳсулоти ватанӣ қарор дода ва бо ин роҳ иқтисоди миллӣ боло бурда шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаҳои гуногуни коркарди захираҳои табиӣ, ба мисли тилло, ангишт, алюминий ва дигар намуди сангҳои қимматбаҳо фаъолият мекунанд ва дар оянда бояд ин теъдод зиёд карда шавад, чунки шароити ҷуғрофӣ ва геологии Тоҷикистон барои ин имкон фароҳам меорад. Тибки маълумоти геологӣ ҳоло дар ҷаҳон 3 ҳазор минералҳо мавҷуданд. Олимони тоҷик пас аз тадқиқот муваффақ шуданд, ки 25 навъи минералҳои навро кашф намоянд ва онҳо ба қатори менералҳои кашфшудаи ҷаҳонӣ дохил гарданд. Илми геология сангҳои қиматбаҳоро аз рӯи хусусиятҳояшон ба 10 гурӯҳ ҷудо мекунад, ки аз ҳама санги сахттарин ин алмос мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар рафти тамошои сангу маъданҳои кӯҳӣ, ки дар табиати Тоҷикистон фаровонанд, супориш дод, ки ҳолати нигоҳдории онҳо дар осорхона ба талаботи давру замон мутобиқ гардонида шавад. Сипас аввалин шуда ба китоби сабти қайдҳои Осорхонаи геологии Точикистон соядаст монд. Тибқи супориши Сарвари давлат дар осорхонаи мазкур харитаи конҳои кашфшуда ва дигар конҳои мавҷуди ҳудуди Тоҷикистон, ки мавриди таҳқиқи олимон қарор доранд ва барои тамошобинон, хусусан донишҷӯёну хонандагон аз манфиат холӣ нестанд, таҳия карда мешавад.

Декабрь 9, 2011 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад