Эмомалӣ Раҳмон. Даъват ба бозиҳои финалии ҷоми Аврупо
Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Президенти Украина Виктор Янукович дар ҷараёни сафари сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, ӯро ба бозиҳои финалии ҷоми Аврупо оид ба футбол, ки соли 2012 дар Украина ва Полша баргузор мегарданд, расман даъват кард. Президенти кишвари мо якҷоя бо президенти Украина ва ноиби сарвазири ин кишвар, вазири инфрасохтори Украина Борис Колесников аз варзишгоҳи асосии мусобиқа- маҷмааи миллии варзишии «Олимпийский» дидан карданд ва ба президенти мамлакатамон тӯб бо рамзи ин маҷмаа тақдим шуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






