Энергетикҳои Тоҷикистон иди касбиро таҷлил мекунанд
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Имрӯз, 22 декабр энергетикҳои Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд.Ба ин муносибат 21 декабр дар ШКСХ «Барқи тоҷик» бо иштироки муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов, раиси ШКСХ «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва сохторҳои зертобеи энергетикии кишвар маҷлиси ботантана баргузор шуд. Тавре роҳбари хадамоти матбуоти ШКСХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, раиси ШКСХ «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров зимни суханрониаш дар маҷлиси ботантана аз таърихи ташкилу рушди системаи энергетикии Тоҷикистон мухтасар нақл кард. Зикр шуд, ки соли 2011 назар ба соли гузашта баробари беш аз 1 миллион киловатт — соат нерӯи барқ тавлид гардид. Сипас пешқадамони соҳаи энергетика бо нишонҳои Аълочии «Барқи тоҷик» ва ифтихономаҳо қадр карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






