Эроди Шӯрои уламо нисбат ба ташкилкунандагони Ошӯро дар Тоҷикистон

Декабрь 6, 2011 16:47

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвоёни дини ислом дар Тоҷикистон- домулло эшони Абдулхалилҷони Ҳисорӣ, домулло Маҳмадии Қумсангирӣ, домулло Холмуроди Кӯлобӣ,  Алломаи Регарӣ, домулло Муҳаммаднабӣ, домулло Бурҳонуддин, домулло Одинабек аз ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 24 нафар имомхатибони тамоми масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва дигарон нисбат ба баргузории Ошўро ҳамчун маросими динӣ аз ҷониби аҳли ташайюъ эрод надорад, зеро ин роҳи интихобкардаи онҳост. Аммо дар мисоли Тӯраҷонзодаҳо эрод дорем, чунки амали онҳо боиси гумроҳии пайравони мазҳабҳо мегардад ва онҳо худро пайравони як мазҳаб дониста амали дигарро байни мардум тарғиб мекунанд, ки ин ҳолат дурўягиро мемонад», — чунин омадааст дар қарори маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз бо иштироки рӯҳониён доир гардид.Дар ин қарор зикр мегардад, ки бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад.«Амали Тўраҷонзодаҳо, ки ба қолаб ё таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ворид намудани андешаҳои бегона ва ифротиро мемонад, метавонад дар оянда омили навбатии барангехтани фитна, иғво ва бадбинии мазҳабӣ гардад. Шўрои уламо чунин амали иғвогаронаи Тўраҷонзодаҳоро, ки ба хусумат ва бадбинии мазҳабӣ замина мегузорад, қатъиян маҳкум намуда, аз уламо, донишмандон, имомхатибон ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорад, ки аз тарғиб ва паҳн намудани дидгоҳи Тўраҷонзодаҳо оиди ин маросим ва пайравӣ ба ақидаи онҳо, дар маҷлису маъракаҳо ва иттиҳодияҳои динӣ худдорӣ кунанд.Уламо, донишмандон ва имомхатибон дар байни намозгузорон роҷеъ ба покизагии мазҳаби аҷдодӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд»,- зикр гардидааст дар қарор.Гуфта мешавад, ки Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли тариқат ва сӯфияро дастгирӣ менамояд, аммо амалҳоеро, ки аз тарафи шогирдон ва муридони Шайх Темур содир шудааст, қатъиян маҳкум намуда, ба тамоми имомхатибон дастур медиҳад, ки мардумро аз нодуруст будани ин амал огоҳ намоянд. Дар баробари ин, Шўрои уламо аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост менамояд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Декабрь 6, 2011 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст