Эътимоди созмонҳои байналмилалӣ
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи густариши ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бахши сиёсати иқтисодӣ, мусоидат ба рушди буҷаи давлатӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, таъмини об ва хадамоти худидоракунии маҳаллӣ зимни мулоқоти раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ва Амир Катаев бо намояндаи департаменти Бонки Ҷаҳонӣ Герий Матмехон ва мушовири ширкати «Адам Смит интернейшнл» Ҷереми Уит дар Душанбе баррасӣ гардид. Раисони кумитаҳои парлумони кишвар аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти худ аз пуштибонии ин созмони бонуфузи молиявӣ бархурдор аст. Зикр шуд, ки аз сӯи парлумони кишвар маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки фазои мусоиди ҳамкории Тоҷикистонро бо ин созмони молиявӣ фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии моливӣ барои рушди устувори соҳаҳои гуногуни кишвари мо пуштибонии молӣ намудааст, ки далели дар сатҳи олӣ рушд кардани ҳамкориҳост. Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати «Адам Смит интернейшнл» низ сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ намуданд. Онҳо хостори тақвияти ҳарчи бештари муносибот бо мамлакати мо шуданд. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати «Адам Смит интернейшнл» таъкид доштанд, ки Тоҷикистон тӯли солҳои охир дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки ин раванд эътимоди созмонҳои байналмилалии молиявиро нисбат ба Тоҷикистон бештар месозад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






