Ф.Абдуллоев аз вазифааш озод карда шуд
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Дар ҷаласаи ташкилии Суди иқтисодии ИДМ раиси нави он интихоб гардид. Тавре сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, Суди иқтисодии ИДМ аризаи Файзулло Абдуллоевро дар бораи соқит намудани ваколатҳои раиси Суди иқтисодии ИДМ қабул намуда, ӯро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии ИДМ озод кард. Дар маҷлис Людмила Каменкова раиси Суди иқтисодии ИДМ интихоб гардид. Суди иқтисодии ИДМ ба Абдуллоев Файзулло барои саҳми шахсиаш ба фаъолияти Суди иқтисодии ИДМ изҳори миннатдорӣ кард.Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ В.Г.Гаркун аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба додраси Суди иқтисодии ИДМ Ф.Абдуллоев, узви Пленуми Суди иқтисодии ИДМ – раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Ғоибназаров, роҳбари котиботи раиси Суди иқтисодии ИДМ Г.Симонян барои кори фаъолонашон ҷиҳати рушду тақвияти ИДМ, ҳамкории самарабахшашон дар амри таъмини ҳуқуқии фаъолияти ИДМ аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ – ро дар вазъияти ботантана супурд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






