Фаъолияти сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон анҷом меёбад

Декабрь 13, 2011 10:33

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва Сафири Фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин саъю кӯшишҳои муштараки ҳар ду кишвар дар амри барқароршавии сулҳу суботи Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафир Тревор Мур саҳми бузурги Тоҷикистонро ба раванди сулҳу суботи Афғонистон ба таври махсус қайд намуд. Зикр шуд, ки конфронсҳои Истамбул ва Бонн аз рӯи қазияи Афғонистон ба муайян намудани муносибати ягонаи ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати барқароршавии Афғонистон баъди соли 2014 мусоидат намуданд.Мувоини вазир Н.Зоҳидов сафирро бо натиҷаи конфронсҳо муфассал шинос намуда, ҳамчунин аз конфронси панҷуми қарибулвуқӯъ аз рӯи масъалаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, ки 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар дод. Дар ҷараёни ин конфронс бояд масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии марбут ба Афғонистон мавриди муҳокима қарор гиранд.Муовини вазир бинобар анҷом ёфтани фаъолияти сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба Тревор Мур дар вазифаи дипломатиаш комёбиҳо орзу намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Декабрь 13, 2011 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад