Гул Шералӣ дар Украина чӣ гуфт ?
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Украина шаҳри Киев ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина доир ба ҳамкории иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҷаласа вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ, ҳамраиси қисмати тоҷикистонии комиссия сухан гуфт. Гул Шералӣ аз густариши ҳамкориҳо ва равобити дӯстонаи Украинаю Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисод, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ намуда, ибрози назар кард, ки ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Раёсати ҷаласаро аз тарафи Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва аз тарафи Украина вазири рушди иқтисод, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина Анатолий Близнюк ба ӯҳда доранд. Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ дар ҷараёни сафари худ бо Сарвазири Ҷумҳурии Украина Николай Азаров ва вазири энергетика ва саноати ангишти Ҷумҳурии Украина Юрий Бойка ва сармоягузорону тоҷирон мулоқот хоҳад кард.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






