Гурӯҳи корӣ дар Савноб
Хоруғ, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Гурӯҳи корӣ бо иштироки мудири бахши дини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон Кабудсор Амалдодова барои санҷиши масъалаи танзими расму анъана ба ҷамоати деҳоти Савноб сафар кард. Аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинони деҳаҳои Ғудара, Писор ва дигар деҳаҳои шомили ҷамоати деҳоти мазкур бо мардум вохӯрда, аз қонуни танзим, анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии ҷумҳурӣ ҳарф заданд.Тавре мутахассиси бахши дини ноҳия Гулнисои Қадамен иттилоъ дод, аз қабули қонун чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз на ҳамаи мардум ба моҳияту манфиати ин қонун сарфаҳм рафтаанд. Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо намояндагони расмии ҷамоат перомуни қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сӯҳбат намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






