Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Баъди якчанд моҳ дар Озарбойҷон намоиши филмҳои бисёрсериявии телевизионии хориҷӣ қатъ мегардад. Чунин қарор дар ҷаласаи Шӯрои миллии пахши барномаҳои телевизион ва радио қабул шуд. Тавре раиси Шӯрои миллии телевизион ва радио изҳор дошт, намоиши филмҳои бисёрсериявии хориҷӣ тавассути шабакаҳои телевизиони Озарбойҷон аз 1 майи соли 2012 қат мегардад.хххТавре прокурори генералии Федератсияи Русия Юрий Чайка иброз дошт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тайи 9 моҳи соли 2011 — ум 31 ҳазор ҷинояти коррупсиониро ҷилавгирӣ намуд. Ба гуфти Юрий Чайка, дар баробари ин ҳодисаҳои порагирӣ нисбат ба порадиҳӣ ду баробар зиёд ба назар расидааст. хххПрезиденти Олмон Кристиан Вулф бинобар хархашае, ки дар мавриди қарзгириаш рух дода буд, расман узр хост. Мухолифин ӯро ба доштани равобити коррупсионӣ бо тоҷире гумон бурдааст, ки президенти кишвар аз ҳамсари ӯ қарзи имтиёзнок гирифтааст. Вулф изҳор дошт, ки мансабашро барои фоидаи шахсӣ истифода накардааст ва аз додани истеъфо рӯ гардонид.хххСобиқ ноиби президенти Ироқ Тариқ ал — Ҳошимӣ, ки дар ҳаққи ӯ ҳукми маҳбас бароварда шудааст, гуфти, ки аз Курдистон ба Бағдод барнамегардад ва ба идораи додгоҳ ҳозир намешавад. Мувофиқи суханони ал — Ҳошимӣ, мурофиаи суд аз рӯи парвандаи ӯ бояд дар қаламрави Курдистон сурат гирад, на дар пойтахти Ироқ.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






