Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Баъди сӯхторе,ки дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, ки шаби 30 декабр ба амал омад, шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, бинобар заҳролуд шуданаш, бистарӣ гардид. Қаблан дар хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буданд, ки бар асари сар задании сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои ошёнаи 15 – уми бино, касе осеб надидааст.хххБа сарвари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир баъди вафоташ унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё дода шуд. Агентии марказии телеграфии Куриё фармонро дар бораи ба Ким Чен Ир додани унвони Қаҳрамон эълон намуд. хххКомиссияи марказии интихоботи Русия маълумотро дар бораи даромади номзадҳо ба президентӣ — роҳбари Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия Геннадий Зюганов ва роҳбари Ҳизби либералию демократии Русия Владимир Жириновский дарҷ намуд. Мувофиқи маълумоти ба комиссия пешниҳодшуда, Зюганов тайи чор соли охир ҷамъ 7 миллиону 68 ҳазор рубл ва Жириновский беш аз 22 миллион рубл ба даст овардаанд.хххИёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Арабистони Саудӣ ба маблағи умумии 29 миллиарду 400 миллион доллар гурӯҳи тайёраҳои қиркунандаи тамғаи Ф – 15 – ро фурӯхтааст. Акнун Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Арабистони Саудӣ 84 адад тайёраи нави қиркунанда ба даст меоранд. Ин иқдом бо Арабистони Саудӣ ба Амрико имкон медиҳад, ки дар ИМА 50 ҳазор ҷойи кориро фароҳам оварад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад






