Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон огоҳ мекунад

Декабрь 13, 2011 10:35

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шаҳрвандони хоҳиши ба Федератсияи Русия рафтан доштаро огоҳ мекунад, ки бе санҷиши пешниҳоди миёнаравон дар мавриди таъмин намудан бо кор ба онҳо муроҷиат накунанд ва фаъолият нишон надиҳанд.Мувофиқи суханони манбаъ, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани кор бо усули ғайриқонунӣ ҳамеша оқибати бад дорад. Хадамоти муҳоҷират омода аст, ки ҷиҳати ба таври қонунӣ пайдо кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия кӯмак намояд.

Декабрь 13, 2011 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш