Хароҷоти CASA- 1000 тақсим мешавад
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Бонки ҷаҳонӣ масъалаи ҷудо намудани қарзи имтиёзнокро дар ҳаҷми 200 млн. доллари амрикоӣ барои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Давлати Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаст.Боис ба ёдоварист, ки ҳаҷми умумии хароҷоти лоиҳаи CASA- 1000 барои сохтмон бо тамоми фоизҳои пешбинишуда 935 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.Аз рӯи ҳисоби пешакӣ тақсими маблағи хароҷот барои чор давлати дар сохтмони лоиҳаи мазкур ширкаткунанда, аз ҷумла барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 251 млн. доллар, Афғонистон – 309, Покистон – 196 ва барои Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаҷми 196 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Чунон ки маълум шуд, ҳиссаи бештари маблағҳои қарзӣ дар сохтмони лоиҳаи CASA- 1000 ба дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон рост меояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






