Хатсайрҳои нави «Сомон Эйр»
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба мълумоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», аз 8 –уми декабри соли ҷорӣ боз ду хатсайри нави ширкат дар самтҳои Душанбе – Қазон ва Хуҷанд — Қазон кушода мегардад.Айни замон ширкати мазкур хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳои худро аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майни давлати Олмон, Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷида (Арабистони Саудӣ), Симферопол (Украйна), Маскав, Санкт – Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ба роҳ мондааст. Тибқи маълумоти манбаъ, ширкти «Сомон Эйр» ҳамчунин аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт- Петербург, Красноярск, Ханти – Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижеварск (Русия) хатсайрҳои худро дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






