Хизмат ба ватан
Кӯлоб, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов). – Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси низомномаи ҳарбии Вазорати мудофиа ба роҳ монда, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбиро сари вақт иҷро намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳии моҳияти ҳарбидошта, вохӯриҳо бо мактаббачагон, донишҷӯён ва ҷавонон дар шаҳр хуб ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи нақша 181 нафар ҷавон ба адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ сафарбар гардид. Аз ин ҳисоб 52 нафар ҷавон ихтиёран ба хизмати ватан раҳсипор гардид. Соли ҷорӣ 15 нафар ҷавонписар ба мактабҳои олии ҳарбӣ ва коллеҷҳо пазируфта шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






