Хизмати беподоши табибон

Декабрь 23, 2011 11:27

Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ Шодихон Гулаёзов, бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ танҳо дар 5 соли охир барои таъмиру азнавсозии беморхонаи вилоятӣ аз буҷаи наздик ба 4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Беморхонаи вилоятӣ бо навтарин таҷҳизоти тиббии муосир муҷҷаҳаз шуда, ҳамасола дар асоси шартномаҳои тарафайн то 12 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии вилоят ва садҳо нафар сокинони аҳолии наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба табобат фаро мегирад. Ба иттилои Ш. Гулаёзов, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ наздик ба 12 ҳазор сокинони деҳоти ноҳияҳои атрофи вилоят дар ин беморхонаи замонавӣ табобат гирифтанд. Дар ин муддат дар беморхонаи вилоятӣ беш аз 2 ҳазору 500 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Муҳим он аст, ки беморон аз ҳисоби маблағгузории буҷавӣ табобат ва ҷарроҳӣ мешаванд. Соли ҷорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ барои хариди доруворӣ ва таъмини беморон бо ғизо 3 млн. 412 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Имрӯз хизмати беподоши табибонро бо ҳеҷ чиз қиёс кардан мумкин нест,- афзуд Ш.Гулаёзов.

Декабрь 23, 2011 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад