Хуҷандиҳо соҳиби замин мешаванд
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили шаҳрвандон аз маҳаллаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд идома дорад. Бо ин мақсад заминҳои доманакӯҳи Мевағул аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ ҳамвор карда, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии хусусӣ мувофиқ гардонида мешаванд.
Имрӯз аз ҳисоби заминҳои ҳамворшуда боз 9,54 гектар замин ҷудо карда ба 159 оилаи эҳтиёҷманди манзил тақсим карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маросими тақсимоти замин ҳамаи онҳоеро, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, табрик намуд ва хоҳиш кард, ки ба хотири ободию зебоии маҳаллаҳои бунёдшаванда, беҳдошти симои меъмории ҳам минтақа, ҳам маҳалла ва ҳам шаҳр сохтмони иншоотро тибқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби мутахассисон пешниҳод шудаанд, ба роҳ монанд.
Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввали маъракаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои маҳаллаҳои 1-ум, 2-юм ва мавзеи «Чашмаи арзана» 793 оилаи хуҷандӣ соҳиби қитъаи замин гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






