Иқдоми СҲИ

Декабрь 21, 2011 14:27

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муасссисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ/ тасмим гирифтааст, ки ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки қарор аст дар соли 2012 дар Тоҷикистон таҷлил гардад, мақолаҳои донишмандони собиқ кишварҳои шӯравиро дар бораи устод Рӯдакӣ ва «Наврӯзи Тоҷикистон» нашр намояд. Ҳамзамон ин муассисаи фарҳангӣ ният дорад, ки дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҳунари грофик ва давраҳои омӯзиширо дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон баргузор намояд. Ин иқдоми СҲИ дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии созмони мазкур бо Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки СҲИ дар худ даҳ кишвари ҷаҳонро муттаҳид менамояд ва қароргоҳаш дар Теҳрон воқеъ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шудааст.

Декабрь 21, 2011 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард