Иҷлосияи ҳафтуми ММ МО ҶТ
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 40 масъалаи ҳаётан муҳим 15 декабри соли 2011 дар иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони мамлакат, даъвати чорум, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи яроқ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ»,»Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» мебошанд. Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Зимни тавзеҳи моҳияти масъалаҳои баррасишуда раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва Муним Холиқов зикр карданд, ки қонунҳои мазкур ба рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти волоияти қонун дар ҷомеа, мубориза бар зидди коррупсия ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд. Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои қонунгузории кишвар ва аз байн бурдани мухолифатҳои мавҷуда байни қонунҳои кишвар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






