Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Берлин

Декабрь 15, 2011 09:41

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дирӯз, 14 декабр дар шаҳри Берлин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.Зимни боздид аён гардид, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст.Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва ҳам Сафорати Олмон дар Душанбе барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дўстиву ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд минбаъд низ ҷаҳду талош мекунанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки Олмон нахустин кишвари Аврупо буд, ки сафораташ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ин қитъаи олам сафорати аввалини худро дар ҳамин кишвар боз намуда буд.Хотиррасон бояд намуд, ки имрўз баъд аз зуҳр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф ва Канслери федеролии ин кишвар хонум Ангела Меркел мулоқот мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 15, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад